Суҳбати Мавсума Муинӣ бо иштирокчиёни форум
4-уми июли соли 2025 даҳ нафар наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди кишварамон барои иштирок дар 10-умин Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии давлатҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзҳои 7-16 июли соли ҷорӣ таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор мегардад, ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус сафар менамоянд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зимни суҳбат бо истеъдодҳои наврасу ҷавон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба масъалаи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро ояндаи миллату давлат медонанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки наврасону ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, фарзандони содиқу сазовори Ватан ба камол мерасанд.
Мавриди зикр аст, ки форуми имсола зери шиори «Гузаштаро ҳифз ва ояндаро месозем» баргузор гашта, наврасони кишварҳои узви ИДМ анъана ва урфу одатҳои миллии хешро дар он муаррифӣ хоҳанд кард.
Тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи неки ҳамсоягӣ, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигар аз ҳадафҳои асосии форум маҳсуб меёбанд.
Форуми мазкур ҳамасола беш аз 1000 нафар мактаббачагонро аз кишварҳои узви ИДМ ба ҳам меорад.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:




