Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Виктор Денисенко
3-юми июли соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд.
Таъкид шуд, ки асоси муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро беш аз 120 шартномаи байналмилалии ҳамкории дуҷониба ташкил медиҳанд, ки дар миёни онҳо шартномаи шарикии стратегӣ миёни кишварҳоямон аз 27 июни соли 2019 нақш ва аҳамияти хоса дорад.
Пояҳои муносибатҳои кишварҳоямон бо ирода ва ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии давлатҳоямон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко рушду густариш ёфта истодаанд.
Ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Беларус дар соҳаҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, амният, фарҳангиву гуманитарӣ чашмрас мебошанд. Мо сипосгузорем, ки Беларус ҳамасола барои ҷавонони тоҷик дар донишгоҳу донишкадаҳо бурсия (квота)-ҳо ҷудо менамояд ва ҳоло зиёда аз 500 нафар ҷавони тоҷик дар ин кишвар таҳсил доранд.
Робитаҳои байниминтақавии кишвари мо бо вилояту шаҳрҳои Минск, Витебск, Гомел, Могилёв тамоюли рушд дошта, дар ноҳияи Ҳисор корхонаи «Агротехсервис»-и Беларус фаъолият мекунад.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон барои нигоҳ доштани хотира ва ҳақиқати таърих дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки имсол 80-солагии онро бо ҳам ҷашн гирифтем ва дар ин чорабинии муҳим дар шаҳри Волгоград таҳти унвони «Мероси бузург - ояндаи муштарак» роҳбарияти Маҷлиси намояндагон иштирок намуд, ҷаҳду талош хоҳад кард.
Зимни мулоқот, ҳамчунин, рушду таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ ва густариши фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





