https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

09 июл 2025, 15:30
10

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ф. Идизода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки бо  сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот қайд гардид, ки Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 70 парламентҳои кишварҳои олам ҳамкорӣ дорад. Дар ин замина ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ  ба ҳамсояи наздиктаринамон –Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, - гуфт Ф. Идизода. Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнипарламентии кишварҳоямон, ки ба усулҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек асос ёфтаанд, солҳои охир бо дарназардошти манфиатҳои ду ҷониб, густариш меёбанд. Мо ба анъанаҳои неки ниёгонамон,  ки ҳамдигарфаҳмию дӯстиву бародариро тарғиб менамуданд, дар рӯзҳои неку бад дар паҳлуи ҳамдигар буда, якдигарро ҳурмату эҳтиром менамуданд, арҷ мегузорем. Маҳз ҳамин дӯстиву бародарии ҳазорсолаҳоямон ва ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шумо муҳтарам Садир Жапаров буд, ки шартномаи сарҳади давлатии  Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расид. Мо ҷонибдори рушду густариши муносибатҳои байнипарламентӣ бо парламенти Ҷумҳурии Қирғизистон (Жогорку Кенеш) мебошем.

Рушду тавсеаи муносибатҳои байнипарламентӣ дар заминаи механизмҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ ва ғайра муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин дигар маводҳо: