12 ҷудокори тоҷик ба Уланбатор мераванд
Аз 25 то 27-уми июли соли равон дар шаҳри Уланбатори Муғулистон мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо дар соли 2025 – «Ulaanbaatar Grand Slam» - 2025» баргузор мешавад, ки 12 ҷудокори тоҷик дар он ширкат хоҳанд кард.
Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар медиҳад, ки барои ширкат дар мусобиқа ҳоло 158 ҷудокор (105 мард ва 53 зан) аз 26 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд.
Дар рӯзи аввал, 25-уми июл, ҷудокорон дар вазнҳои - 60 кг, -66 кг миёни мардон ва вазнҳои – 48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард. Дар рӯзи дуюм мардон дар вазнҳои 73 кг, -81 кг ва бонувон дар вазнҳои -63 кг, -70 кг сабқат мекунанд. Дар рӯзи охири мусобиқа мардон дар вазнҳои – 90 кг, -100 кг, +100 кг ва бонувон дар вазнҳои -78 кг, +78 кг ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





