Рашт. Зарари зилзила бартараф мешавад
Гурӯҳи рӯзноманигорон бо мақсади ошноӣ ба рафти бартарафсозӣ ва бунёду навсозии хонаҳои истиқоматие, ки бар асари заминларзаи шадиди рӯзи 13 апрел зарар дидаанд, ба деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт рафтем.
Заминларзаи мудҳиш дар деҳаҳои Гулханӣ, Сафедтундак, Аскалон, Сари Шӯхон ва Шархо 4 хонаро пурра ва 34 хонаи дигарро қисман вайрон намудааст. Ба 156 хонаи истиқоматию биноҳои ёрирасон зарари сабук расидааст. Ба зарардидагони зилзила аз тарафи Ҳукумати мамлакат маводи ниёзи аввал ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас шудааст.
Ба ҷои 4 хонаи истиқоматие, ки пурра вайрон шудааст, биноҳои истиқоматии нав бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ сохта шуда истодааст. Ба соҳибони 34 хонаи истиқоматии қисман вайроншуда маводи сохтмонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат пурра дастрас асту барои онҳо аз ҷониби аҳолии ноҳия тариқи ҳашар биноҳои нав бунёд мешаванд.
Ба 156 оилае, ки зарари сабук дидаанд, 2 маротиба маблағ ва маводи хӯрока аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонда шуд.
Мавриди зикр аст, ки баъд аз заминларза комиссияи ҳукуматӣ бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фавран ба ҷойҳои ҳодиса ҳозир шуда, осебдидагонро бо хаймаву маводи ғизо таъмин намудаанд.
Заминларза ба корҳои ободонию созандагии сокинони деҳот ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ чандон таъсири манфӣ нагузоштааст. Муҳимтар аз ҳама, сокинони деҳот аз ин ҳолат дилшикастаю руҳафтода нашуданд. Бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва корҳои кишоварзӣ чун пештара идома дорад.
Кашидани хатҳои об дар деҳаҳои Аскалон ва Сари Шӯхон, сохтмони марказҳои савдо дар деҳаҳои Гулханиву Кул, кандани чоҳҳои амудӣ барои таъмини оби нӯшокӣ дар деҳаҳои Руноб, Кул ва Гулханӣ, инчунин, бунёди катҳои истироҳатӣ барои сайёҳон дар деҳаи Кул бомаром идома доранд.
Ба наздикӣ бо ҷалби соҳибкорон сохтмони толорҳои варзиш дар деҳаҳои Аскалону Гулханӣ, чароғонкунии роҳҳо дар ҳама деҳаҳои ҳудуди ҷамоат ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузор бунёди китобхонаю бинои фарҳангии деҳаи Аскалон ва асфалтпӯш намудани роҳи деҳаи Гулханӣ оғоз мешаванд.
Соҳаи кишоварзӣ низ рӯ ба рушд аст, зеро ин мавзеи кӯҳистон барои рушди боғдорию чорводорӣ ва занбӯриасалпарварию зироаткорӣ қулай мебошад. Замини ҳудуди ҷамоат 3,374,5 гектарро ташкил дода, 623,2 гектар замини обӣ ва 597 гектари он замини корӣ мебошад. Имсол кишоварзони деҳот дар 168 гектар картошка, 62 гектар ғалладона, 20 гектар сабзавот ва 57 гектар зироати кишоварзӣ кишт намудаанд. Соҳаи чорводорӣ низ тараққӣ дорад. Дар ҳудуди деҳот 3962 сар чорвои калони шохдор, 8904 сар моли майда ва 128 сар асп мавҷуд аст. Шумораи умумии қуттиҳои занбӯри асал беш аз 370 оиларо ташкил медиҳад.
Ҷамоати деҳоти Аскалон соли 2003 таъсис ёфта, шумораи аҳолиаш 5264 нафар ва шумораи хоҷагиҳо 700 адад аст. Он дорои 12 деҳа, 9 муассисаи таҳсилоти умумӣ, се муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 1 хонаи фарҳанг, 2 китобхона, 8 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва 104 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мебошад.
Ҳангоми боздид аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ муовини раиси ноҳияи Рашт Маҳмадисо Ҷононзода иброз дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ноҳия талош доранд, ки сари вақт хонаҳои истиқоматиро бо сифати баланд ва бо таъмини ашёи рӯзгор ба истифода диҳанд. Ҳоло сохтмони як қисми иншоот дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Масъулин мутмаинанд, ки дар муҳлати муайяншуда оқибатҳои ин офат пурра бартараф хоҳанд шуд.
Диловари МИРЗО,
“Садои мардум”
Ҳамчунин дигар маводҳо:





