https://sadoimardum.tj

Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад

17 июл 2025, 10:30
0

Аз 15 то 18 июли соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон чорабинии мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон барои ҷавонон баргузор мегардад. Чорабинӣ дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ва бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самт, механизмҳои миллӣ ва байналмилаллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳамкории субъектони масъул, баъзе масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар байни ҷавонон ва дигар масъалаҳо бахшида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссия ҳамчун мақоми машваратии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфта, Низомномаи он бо Қарори Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 14 октябри соли 2022 тасдиқ гардидааст. Ба ҳайати он намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.

Г. РАҲМОНОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: