Иҷлосияи МВХШ Душанбе доир гардид
Понздаҳуми июли соли 2025 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум баргузор шуд.
Дар иҷлосия нахуст рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр баҳри рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, сохтмони иншооту инфрасохтори зарурӣ ва иҷрои чорабиниҳои боқимонда дастуру супоришҳо доданд.
Вакилон дар идома ҷараёни амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021- 2025»-ро баррасӣ намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати дарёфти хонандагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои махсусгардонидашуда корбарӣ намуда, барои ба бозомӯзӣ фаро гирифтани омӯзгорон ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.
Дар идома вакилон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, дар ин бора гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр супориш доданд, ки ҳамеша баҳри таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр ва ба дастовардҳои хуб ноил гардидан тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд. Инчунин, баҳри иҷрои босифат ва саривақтии нақша-чорабиниҳои таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои «Солҳои рушди саноат» дастуру супоришҳо ҷиҳати истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда дода шуд.
Дастур дода шуд, ки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодии пойтахт - истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ба буҷет, кам намудани бақияпулиҳои андозӣ, иҷрои нақшаи андозҳо ва таъмини шаффофияти хароҷоти он тамоми чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини самти саноат ва энергетика ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли молҳои рақобатпазир, сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағҳои пулии истифодаи барқу гармӣ, таъмиру таҷдид намудани қубурҳои оби гарм ва омода намудани низоми энергетикии пойтахт ба мавсими зимистони солҳои 2025-2026, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзии ҳудуди шаҳри Душанбе, аз як замин гирифтани зиёда аз ду ҳосил ва истифодаи тухмиҳои аълосифат бо риояи қоидаҳои агротехникӣ супоришҳои зарурӣ доданд.
Ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз содир намудани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ғасби замин ва сохтмони худсарона, ҳодисаҳои сӯхтор ва таъмини бехатариву тартиботи ҷамъиятӣ корҳо ҷоннок гардонда шаванд.
Вакилон, ҳамчунин, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва кулли ҳозиринро ба хизмати содиқона баҳри рушду нумуи пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе даъват карда, ба онҳо сарбаландӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоии рӯзафзун таманно намуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





