https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкории байнипарлумонӣ бо Муғулистон

№:91 (4987) 25 июл 2025, 18:06
0

24-уми июли соли 2025 муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон Барно Саидвализода бо ҳайати парламенти (Хурали Бузурги Давлати) Муғулистон мулоқот намуд. 

Дар мулоқот иброз гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон ба сатҳи комилан нави рушд мебароянд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими муносибатҳо дар чаҳорчӯби механизми созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин, ҳамкории байнипарлумонӣ, бахусус гурӯҳҳои дӯстӣ, дар оянда низ кӯшиш хоҳад намуд.

- Мо барои ҳамкорӣ дар доираи фаъолияти фраксияҳои ҳизбӣ, иштирок дар чорабиниҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкории зичи гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ изҳори омодагӣ менамоем, - гуфт Барно Саидвализода.

Баъд аз анҷоми мулоқот меҳмонон бо бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон шинос шуданд.

www.parlament.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: