АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ДДТТ дар сатҳи байналмилалӣ рақобатпазир аст
Соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино зинаи ординатураи клиникиро 707 нафар ва интернатураро 201 нафар хатм намуда, ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ сафарбар гардидаанд.
Дар ин бора 22 июли соли равон Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, ректори донишгоҳи мазкур, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки соли равон донишгоҳи мазкурро 2152 нафар хатм карданд, ки аз онҳо 1845 донишҷӯи ватанӣ ва 307 нафар аз 12 давлати хориҷӣ мебошанд. Қобили зикр аст, ки ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар баробари иҷрои нақшаи омодасозии табибони ватанӣ, инчунин, барои давлатҳои хориҷӣ мутахассис омода менамояд, ки аз рақобатпазир будани таҳсилоти кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





