АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Дар ҷумҳурӣ 28 ҳазору 958 иншоот бунёд мегардад
22-юми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода иттилоъ дод, ки ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ бунёду навсозии 28 ҳазору 958 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати якуми июл 23 ҳазору 228 иншоот бо таъсиси 47 ҳазору 457 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар иртибот ба парвариши гулҳои маҳаллӣ зикр гардид, ки ҳамаи гулҳо истеҳсоли ватанӣ буда, дар ниҳолхонаҳои дохилӣ парвариш ёфтаанд. Маблағи умумии хароҷот барои шинонидани гулҳо 5,8 миллион сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорон таъмин шудааст.
- Истифодаи гулҳои маҳаллӣ на танҳо ба зебогии шаҳрҳо мусоидат мекунад, балки барои рушди иқтисоди маҳаллӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ низ муҳим мебошад, - гуфт Ш. Ҷумъазода.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





