https://sadoimardum.tj

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Ҳалли мушкилоти соҳаи фарҳанг вақт мехоҳад

№:93 (4989) 01 авг 2025, 16:16
0

Масъулони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ зимни нишас­ти матбуотӣ, ки 21 июли соли равон доир шуд, дар посух ба саволи хабарнигори рӯзнома гуфтанд, ки кормандони вазорат фаъолияти муассисаҳои соҳаро дар кишвар мавриди омӯзиш қарор дода, нуқсонҳои муассисаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳоро муайян ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.  

- Дар фаъолияти китобхонаҳо низ мушкилоти ҷиддӣ ба назар мерасад. Барои бартараф намудани онҳо мутахассисон «Барномаи давлатии рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия намуда истодаанд. Ҳамчунин, таҳияи модели намунавии  сохтори китобхонаҳои замонавӣ, ки гуногунфунксионалӣ  мебошанд, идома дорад. Мо таҷрибаи кишварҳои дигарро дар ин самт омӯхтем. Дар мавриди клубҳои деҳот пешниҳод шуд, ки дар заминаи онҳо комплексҳои минтақавии фарҳанг таъсис диҳем, аммо анҷом додани ин кор вақт талаб менамояд, - афзуд сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии вазорат Хуршед Низомӣ.

Иттилоъ гирифтем, ки дар нимсолаи аввал муассисаҳои театрию консертии кишвар беш аз 81 чорабинии муҳими фарҳангӣ доир намуданд. Муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз падидаҳои дигари фараҳбахши фарҳангӣ дар ин давра арзёбӣ шуд. Илова бар ин, вазорат бо ҷалби олимон, ходимони дин, чеҳраҳои фарҳангию сиёсӣ маҳфили маърифатӣ-фарҳангӣ таъсис дод, ки  ҳадафи он баланд бардоштани маърифати  сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон мебошад. 

Масъулони вазорат барои шомилсозӣ ба феҳристи ЮНЕСКО 5 номинатсияи нави мероси ғайримоддиро пешниҳод намуданд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: