https://sadoimardum.tj

Доираи фаъолияти ПСС васеъ мегардад

01 авг 2025, 10:01
0

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода 31 -уми июли соли 2025 дар нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон соҳибкорони ватанӣ дар 16 намоишгоҳи дохилию хориҷӣ ширкат варзида, дар Олмон, Россия, Эрон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Япония молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватаниро муаррифӣ намуданд.

- Соли ҷорӣ  Палатаи савдо ва саноат якҷо бо дигар вазорату идораҳо дар ташкил намудани 39 бизнес -форум ва бизнес-миссияи доираҳои соҳибкорӣ, 56 конфронс, семинару вебинар, тренинг ва мизҳои мудаввар мусоидат намуд, - зикр кард Ҳайдар Раҷабзода.

Дар нимсолаи якум дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Конфедератсияи Швейтсария намояндагии палата ифтитоҳ ёфта, ҳамин теъдоди намояндагиҳои палата дар хориҷи кишвар ба 17 адад расид, ки онҳо дар рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратии ин давлатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Тайи ин муддат шумораи умумии аъзои палата ба 1162 расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155 узв зиёд мебошад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: