https://sadoimardum.tj

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Баҳогузории 10-хола ҷорӣ мегардад

№:95 (4991), 13 авг 2025, 16:40
1

Аз моҳи сентябри соли 2025 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми баҳогузории 10-хола ҷорӣ карда мешавад.

Дар ин хусус 31-уми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Саидзода ба хабарнигорон иттилоъ дод ва афзуд, ки ин низом бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот роҳандозӣ карда мешавад.

- Дар низоми баҳогузории 10-хола арзёбиҳои ташхисӣ, ташаккулдиҳанда ва ҷамъбастӣ дар меҳвар қарор дошта, натиҷаҳои он барои муайян кардани баҳо ба дониши хонанда нақши ҳалкунанда мебозад. Арзёбии ташхисӣ барои муайян кардани сатҳи ибтидоии дониш, малака ва маҳорати хонанда, ҷамъ овардани маълумот дар бораи қобилияти ӯ ва муайян кардани стратегияи таълим истифода бурда мешавад. Барои ворид шудан ба ин низом мақомоти дахлдор якҷо бо муассисаҳо ҳамкорӣ намуда, умед дорем, ки низоми мазкур тамоми муассисаҳоро фаро мегирад,- изҳор намуд Маҳмадтоир Саидзода.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: