https://sadoimardum.tj

Филиали ДДМ бо 40 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

№:96 (4992), 18 авг 2025, 17:11
0

Бо мақсади такмили таълиму тарбия дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон сафарҳои хизматиро ба Россия, Беларус, Ӯзбекистон анҷом дода, донишҷӯёни филиал низ дар чорабиниҳои хориҷи кишвар иштирок намуданд.

Дар ин хусус 7-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи филиал Рустам Ғанизода иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки асоси сафарҳои хизматии мазкур иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ мебошад.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки филиали донишгоҳ бо зиёда аз 40 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордод ба имзо расонидааст. 

- Дар филиал 27 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки аз Россия, Ӯзбекистон, Қазоқис­тон ва Чин мебошанд, - гуфт номбурда.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: