АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Чаро мардум ба суғуртакунӣ боварӣ надорад
Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ин ноҳияҳо ба маблағи 1 миллиону 186 ҳазору 500 сомонӣ кумак расонидааст.
Дар ин бора 31-уми июли соли ҷорӣ Шуҳрат Мақсудзода, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта», зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
- Ҳарчанд оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ дар ин ноҳияҳо суғурта нашуда буданд, аммо мо ба онҳо кумак расонидем. Ҳангоми супоридани маблағҳо таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари оилаҳо ба хулосае омаданд, ки дар оянда молу амволи худро суғурта намоянд, - гуфт ӯ.
Инчунин, директор аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷомеа ҳоло ҳам нисбат ба суғурта шудан беаҳамиятӣ зоҳир менамояд. Ҳарчанд гурӯҳҳои корӣ дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, аммо то ҳол аксари онҳо ба суғуртакунӣ боварӣ надоранд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





