https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Раҷеш Укӣ

№:96 (4992), 18 авг 2025, 17:24
0

15-уми августи соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷеш Укиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии ду кишвар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ батадриҷ вусъат меёбанд. 

Рушди бомароми ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ ва амниятӣ зикр гардид. 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки муносибатҳои байнипарламентӣ минбаъд низ рушд ёфта, дар арсаҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла қонунгузорӣ, таҳким меёбад. «Маҷлиси намояндагон хоҳони гус­тариши устувори ҳамкориҳо бо Лок Сабҳаи Ҳиндустон дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷонибаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар ҳошияи фаъолияти Иттиҳоди байнипарламентӣ буда, муколама, мубодилаи сафарҳои расмии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентиро ба роҳ монда, ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан талошҳои муштаракро ба харҷ хоҳад дод», - иброз дошт дар фарҷом Файзалӣ Идизода.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: