https://sadoimardum.tj

Таҷлили рӯзи кормандони соҳаи сохтмон

14 авг 2025, 11:22
0

Дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рудакии шаҳри  Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ширкат варзида, сохтмончиён, меъморон ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрик намуд. Ӯ таъкид кард, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати созандаи сохтмончиён даҳҳо иншооти муҳташам, аз ҷумла нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон», шоҳроҳҳои Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ ва Айнӣ-Панҷакент, хатти баландшиддати «Ҷануб-Шимол», муассисаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд гардидаанд.

Тибқи иттилои раиси вилоят, танҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 дар вилояти Суғд 521,6 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, 214,8 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта шудааст. 

Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёду навсозии 12 ҳазор иншоот пешбинӣ шуда, то имрӯз беш аз 11 ҳазори он мавриди истифода қарор гирифтааст.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: