https://sadoimardum.tj

Номаҳои табрикӣ

№:101(4997), 01 сен 2025, 16:47
1

30-юми августи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Сагатханулӣ Ашимбаев номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Маулен Сагатханулӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни миллӣ - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон пазиро бошед.

Қабули Конс­титутсия заминаи мустаҳками ҳуқуқии ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқӣ гардид, ки самтҳои стратегии рушди устувори Қазоқистон, таҳкими ниҳодҳои давлатӣ ва ҳифзи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян мекунад.

Итминон дорам, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки чандинасраи Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байнипарламентӣ минбаъд низ дар руҳияи эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирӣ пайваста таҳким меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Маулен Сагатханулӣ, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ комёбиҳои нав ва ба халқи бародари Қазоқистон сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

31-уми августи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу Шакиев номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу,

Шуморо бо иди миллӣ - Рӯзи истиқлолияти Қирғизистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯзи пур­арзиш чун марҳилаи нав дар таърихи Қирғизистон ба таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва рушди пайвастаи иҷтимоию иқтисодии кишвар асос гузошт.

Итминон дорам, ки минбаъд низ муносибатҳои ­анъанавии дӯстонаи кишварҳои мо, ки ба риштаҳои неки ҳамсоягӣ ва эҳтироми мутақобила асос ёфтаанд, аз ҷумла тавассути тавсеаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба нафъи давлатҳо ва халқҳоямон мунтазам таҳким хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ комёбиҳо ва ба мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон сулҳу оромӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».

1-уми сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Танзила Нарбаева номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Танзила Камаловна,

Шуморо бо иди миллӣ - Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯзи фархунда дар таърихи навини кишвари Шумо марҳилаи муҳими таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушди бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ гардид.

Итминон дорам, ки минбаъд низ муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба арзишҳои муштараки таърихию маънавии халқҳоямон асос ёфтаанд, аз ҷумла ба василаи ҳамкориҳои фаъоли байнипарламентӣ, пайваста таҳким меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Танзила Камаловна, саломатии қавӣ, хушбахтӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ комёбиҳои минбаъда ва ба халқи бародари Ҷумҳурии Ӯзбекистон сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно дорам».

Ҳамчунин дигар маводҳо: