https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:151-152 (5047-5048), 22 дек 2025, 17:47
0

18-уми декабри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Жогорку кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу,

Табрикоти самимиро ба муносибати аз нав ба мансаби Раиси Жогорку кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон интихоб гардидан бипазиред.

Интихоб гардидани Шумо ба ин мақоми олии давлатӣ далели равшани эътимоди баланди намояндагони мардумӣ ба Шумо, эътирофи касбият, таҷрибаи васеъ ва саҳми назарраси Шумо дар рушди парламентаризм ва таҳкими давлатдории Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.

Бо қаноатмандӣ рушди муттасили муносибатҳои дӯс­тона ва ҳамсоягии неки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин, ҳамкории созандаи байнипарламентӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Жогорку кенешро зикр менамоям.

Ба Шумо, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, саломатии қавӣ, некуаҳволӣ, муваффақиятҳои нав ва ба мардуми бародари Қирғизистон сулҳу субот ва шукуфоӣ орзумандам».

Ҳамчунин дигар маводҳо: