Вохӯрии Шермуҳаммад Шоҳиён бо Виктор Денисенко
1-уми сентябри соли 2025 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Шермуҳаммад Шоҳиён бо сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Беларус решаҳои дӯстонаи устувор ва таърихӣ дошта, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус шарикони стратегӣ буда, дар тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо муносибатҳои дӯстонаи сарони давлатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко нақши калидӣ дорад, - таъкид намуд Шермуҳаммад Шоҳиён.
Иброз шуд, ки кишварҳои моро ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар робитаҳои байниҳамдигарӣ боз ҳам муттаҳид менамояд.
Муносибатҳои байнипарламентии кишварҳоямон, ки пайваста рушду густариш дорад, ба таҳкими муносибатҳо дар самтҳои маорифу илм, кишоварзӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва ғайра мусоидат хоҳанд намуд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





