Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо сокинони Сангвору Лахш
Хонандагони азиз, тавре иттилоъ доред, аз 1 то 10 сентябри соли ҷорӣ мувофиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон ба назди интихобкунандагони худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, бо интихобкунандагон мулоқот менамоянд ва роҷеъ ба дастовардҳои корӣ, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории интихоботи соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суханронӣ менамоянд.
Дар доираи чунин сафар аз ҷумла, силсилавохӯриҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Сангвор ва Лахш баргузор гардид. Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода оид ба дастовардҳои кишвари азизамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдорӣ ва шукуфоии Ватан, боло рафтани эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, таҳкими корҳои созандагиву бунёдкорӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва дигар масъалаҳои муҳим суҳбат намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки тамоми неруи ақлонӣ ва зеҳниву ҷисмонии худро ба нафъи миллату давлат равона созем, бо меҳнати ҳалолу созанда кишварамонро боз ҳам ободу гулафшон намоем.
- Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, дар тарбияи ҷавонон саҳм гирем, истифодаи самараноки заминҳои кишт, бахусус заминҳои наздиҳавлигиро ба роҳ монем, - таъкид намуд Файзалӣ Идизода ҳангоми суҳбат бо сокинон.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва фаъолони ин ноҳияҳои зебоманзар дар иҷрои дастуру супориш ва вазифаҳои худ азму талоши ҷиддӣ зоҳир карда, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона минбаъд низ дар гулгулшукуфии Ватани азизамон саҳми сазовор мегузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Файзалӣ Идизода дар баробари суҳбату мулоқотҳои самимӣ ба саволу дархостҳои интихобкунандагон ҷавобу пешниҳодҳои мушаххас ироа намуд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





