https://sadoimardum.tj

Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар Конфронси AFPPD

№:105 (5001), 10 сен 2025, 18:15
0

3-5 сентябри соли равон ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар Конфронси солонаи минтақавии Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD), ки дар шаҳри Манилаи Филиппин баргузор гардид, иштирок намуд.

Мавсума Муинӣ, раисикунандаи гурӯҳи парламентии Кумитаи доимоамалкунада оид ба масъалаҳои иқлими Форуми парламентҳои осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD), ҷаласаи 5-уми кори конференсияро дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба татбиқи «Рӯзномаи 2030» ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки масъалаи баррасишаванда дар рӯзномаи байналмилалӣ мавқеи марказӣ дорад, зеро тағйирёбии иқлим ба ҳаёти миллионҳо одамон, рушди иқтисодии давлатҳо, амнияти озуқаворӣ ва саломатии аҳолӣ таъсири мус­тақим дорад. 

Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ барои дастгирии ташаб­бусҳои Тоҷикистон дар самти захираҳои об ва иқлим, ки нақши пешбарандаи кишвари моро дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ инъикос менамояд, миннатдорӣ намуда, қатъномаҳои Ассамблеяи генералии СММ-ро барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалии захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, ки дар «Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030» инъикос ёфтаанд, муаррифӣ намуд. 

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об ҷонибдорӣ намуда, дар муборизаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти иқлим фаъолона саҳм мегузорад. Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардид. Фонди нави мақсадноки Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии фаъолияти ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. 

Илова бар ин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса моҳи августи соли 2024 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид якдилона қатънома дар бораи эълони солҳои 2025-2034 – «Даҳсолаи амал дар соҳаи илмҳои криосфера»-ро қабул намуд. 

 Дар фарҷом доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Файзулло Наҷмиддиниён,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: