https://sadoimardum.tj

Ҳамкории парлумонии Тоҷикистону Корея тақвият меёбад

№:106 (5002), 12 сен 2025, 17:46
0

Мулоқоти гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Корея Маҳмадшоҳ Гулзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик баргузор гардид. 

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Корея шарики муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар Осиёи Шарқӣ буда, муносибатҳои Тоҷикистону Корея ба эҳтирому эътимод ва боварии тарафайн асос ёфтаанд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар формати «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» ва Анҷумани раисони парламентҳои Осиёи Марказӣ ва Корея робитаҳои мустаҳками гуногунҷанба дорад. 

Ин робитаҳо сол ба сол густариш ёфта, ба таҳкими ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла роҳу нақлиёт, технологияҳои рақамӣ, тиҷорату савдо, фарҳангу маънавиёт, инчунин, ҳамкории байнипарламентӣ мусоидат менамоянд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН, 

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: