Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Нурланбек Тургунбек Уулу
16-уми сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Жогорку Кенеш (парлумон)-и Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу мулоқот намуд.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламентҳои беш аз 70 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дошта, дар ин замина, ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хоса дода мешавад.
- Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнипарламентии кишварҳоямон, ки ба усулҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек асос ёфтаанд, солҳои охир бо назардошти манфиатҳои ду ҷониб густариш меёбанд.
Маҳз талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров буд, ки сулҳи абадӣ миёни халқҳоямон танинандоз гашта, орзуи деринаи мардумонамон амалӣ шуд.
Мо ҷонибдори рушду густариши муносибатҳои байнипарламентӣ бо парламенти Ҷумҳурии Қирғизистон мебошем. Табодули таҷрибаи байнипарламентӣ дар фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкиму тавсеа додани фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ имкон фароҳам меорад, ки муваффақияту дастовардҳои бештар ба даст орем, - зикр кард Файзалӣ Идизода.
Рушду тавсеаи муносибатҳои байнипарламентӣ дар заминаи механизмҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шурои парламентии кишварҳои Осиё ва Африқо, муҳим арзёбӣ гардид.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ
Ҳамчунин дигар маводҳо:





