Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Ҷузеппина Принчӣ
15-уми сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати вакилони Парламенти Иттиҳоди Аврупо таҳти роҳбарии хонум Ҷузеппина Принчӣ - Раиси Ҳизби халқии Аврупо, ҳамраиси ҷаласаи 12-уми Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, мулоқот намуд.
Файзалӣ Идизода зикр намуд, ки ба дурнамои неки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ, хушбин ҳастем.
Ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия назаррас арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки муколама, ҷаласаҳои шурои ҳамкорӣ, сафарҳои ҳайатҳо дар чорабиниҳои сатҳи баланд ва дигар шаклҳои дипломатияи байнипарламентӣ, бахусус, абзорҳои мавҷуда дар рушди самтҳои калидии ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мусоидат менамояд.
Файзалӣ Идизода таъкид кард, ки ҷаласаҳои Кумитаи ҳамкорӣ, ки мунтазам баргузор мегарданд, метавонад барои пешрафти муносибатҳои тарафҳо такони ҷиддӣ бахшад.
Ҳамчунин дигар маводҳо:





