Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон дар Тоҷикистон
15-уми сентябри соли 2025 Раиси Жогорку Кенеш (парлумон)-и Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
15-уми сентябр Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу дар доираи сафари расмии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони эҳтиром ба таърихи давлатдорӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.
Дар ин маросим меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.
15-уми сентябр дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баргузор гардид.
Қабл аз оғози мулоқот Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу дар Китоби меҳмонони ифтихории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соядаст гузошт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳашро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Дар мулоқоту музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.
Ба рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун самти муҳими ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ба муколамаи мунтазами сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои мутақобилаи давлатии сарони ду давлат ва имзои санадҳои нави дуҷониба, ки дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои неки дӯстона ва ҳамҷавории ду кишвар нақши созгор дорад, баҳои баланд доданд.
Дар ин робита, аҳамияти таърихии имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ, Шартнома миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ махсус таъкид гардид.
Дар ин раванд, нақши калидии парламентҳои ду кишвар дар тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба ва татбиқи аҳдномаҳои бадастомада муҳим шуморида шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба рушди тоза касб кардани анъанаҳои таърихии дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигарӣ ҷонибҳо барои таҳкими муколамаи амалӣ ҷиҳати пешбурди муътадили муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳавасмандии муштарак зоҳир намуданд.
Такон бахшидан ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо назардошти афзун намудани ҳаҷми гардиши мол ва истифодаи иқтидори мавҷудаи ду кишвар дар ин самт ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Тамоюли мусбати афзоиши гардиши мол дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба мушоҳида расид.
Зикр гардид, ки дар таъмини тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ Шурои байниҳукуматӣ, ки бо ташаббуси сарони ду давлат таъсис ёфтааст, нақши муассир дорад.
Ба масъалаҳои содагардонии расмиёти гумрукӣ ва сертификатсиякунонии маҳсулот тавассути «равзанаи ягона», таъсис додани долони нақлиётию логистикӣ байни Душанбе ва Бишкек, ташкили намоишгоҳҳо ва ҳамоишҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва муаррифии рақамии маҳсулоти саноативу аграрии ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо фаъолгардонии ҳамкорӣ оид ба сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории муштарак дар самтҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва знергетикаро зарур донистанд.
Омодагии ҷонибҳо барои рушди мунтазами робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу башардӯстӣ ва илмию техникӣ, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон, изҳор гардид.
Баррасии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши амният ва мубориза бо терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз мавзуъҳои дигари музокирот буданд.
15-уми сентябр дар ҳошияи барномаи сафари расмӣ дар кишвари мо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳаш аз як қатор иншооти фарҳангиву хизматрасон ва истеҳсолии пойтахт дидан намуданд.
Нахуст, ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Жогорку Кенеш муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ба корхонаи истеҳсоли об ва нӯшокиҳои газдори «Сиёма» ташриф оварда, бо фаъолияти истеҳсолии он аз наздик шинос шуд.
Дар идомаи рӯз Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу ва ҳайати ҳамроҳаш аз Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид намуд.
Зимни барномаи фарҳангӣ меҳмони олиқадрро намояндагони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.
www.majmilli.tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:





