https://sadoimardum.tj

Тантанаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ВМКБ

12 сен 2025, 13:29
0

Дар шаҳри Хоруғ 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, муовини котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Шараф Файзуллозода ва меҳмонону сокинони вилоят бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар саҳни Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови роҳбарият ва меҳмонону сокинон аз намоиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва намунаи ҳунари  аҳли заҳмати вилоят боздид намуда, бо косибону кишоварзони ватанӣ оид ба рушди ҳарчӣ бештари истеҳсолот ва ҳунарҳои мардумӣ тавсияҳои судманд доданд.

Гуфта шуд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 34-солагии Истиқлоли давлатиро дар фазои суботи сиёсӣ,  ваҳдати комили миллӣ ва руҳияи баланди ватандорию созандагӣ таҷлил намуда истодаанд.

- Баъди расидан ба ормони деринаи миллат, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъсиси ҳукумати нав, ниҳодҳои қудратӣ, муқаддасоти миллӣ, пешгирии инқирози тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои дигар, созмонҳои бузурги молию тиҷоратии байналмилалӣ, аъзошавӣ ба созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва дигар комёбиҳои беназир имконияти бузург рӯи даст омад, то Истиқлоли давлатӣ таҳким ёбад, - иброз намуд раиси ВМКБ.

Дар доираи чор ҳадафи стратегӣ қитъаҳои душворгузари роҳи магистралии нақлиётии Душанбе-Хоруғ-Кулма аз нав бунёд гардида, кор дар ин самт бомаром идома дорад. Сохтмони пулҳо аз болои дарёи Панҷ Тоҷикистонро ба бозори ҷаҳонӣ пайваст намуда, бунёди роҳҳои дохилӣ ва пулҳо коммуникатсияи дохилиро хеле мустаҳкам намуд.

Имрӯз вилоят, минҷумла хоҷагиҳо, бо қувваи барқ таъмин буда, ҷиҳати аз худ намудани иқтидорҳои нави энергетикӣ тадбирҳои муассир андешида шуда истодаанд. Танҳо дар се соли охир дар вилоят зиёда аз 100 объекти саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар фарҷом як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногун ва собиқадорон бо мукофоти давлатӣ, медалҳои ҷашнӣ, сипосномаю ифтихорномаҳои раиси ВМКБ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуда, барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони номдори вилоят пешкаш гардид.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: