https://sadoimardum.tj

Ифтихор аз Истиқлол

12 сен 2025, 09:24
2

ё тантанаи ҷашни миллӣ  дар Панҷакенту  Айнӣ

Дар рӯзҳои пурнишот ва саршори ифтихори миллӣ, ки кишварро фазои идона фаро гирифта буд, водии Зарафшон низ шоҳиди баргузории тантанаҳои бошукуҳу хотирмон гардид. Ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуданд. 

Шаҳри Панҷакент, ки дар таърих бо номи «Самарқанди кӯчак» машҳур аст, имрӯз низ бо фарҳанг, меҳмоннавозӣ ва дастовардҳои худ ифтихори тоҷикон мебошад. Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев саҳнаи асосии ҷашн гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҷомеа, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва садҳо нафар сокинони шаҳр ширкат доштанд.

Пеш аз оғози ҷаласа ҳозирин бо намоиши маҳсули дастранҷи кишоварзон ва ҳунармандони маҳаллӣ ошно шуданд. Ҳунарҳои мардумӣ, гулдӯзиву кашидадӯзӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва таомҳои миллии минтақа ҳар касро мафтун месохтанд. Дар гӯшаҳои дигар дастовардҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба намоиш гузошта шуда буданд, ки аз рушди соҳаҳои иҷтимоӣ дар Панҷакент шаҳодат доданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш суханрониҳои пурмазмун садо доданд. Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари мустақилу соҳибмақом шинохта шудааст.

Дар идома барномаи фарҳангӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ ва овозхонҳои маъруфи маҳаллӣ ба чорабинӣ ранги тоза бахшид. 

Дар ноҳияи Айнӣ, ки бо таърихи пурғановат ва қаҳрамонии фарзандони худ машҳур аст, ин рӯзро бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд. Дар маркази ноҳия, - назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар сокинон ва меҳмонон гирди ҳам омаданд. Парчами миллӣ дар болои майдон бо ифтихор парафшон буд ва ҳар кас аз он руҳу илҳом мегирифт.

Маросимро раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ифтитоҳ намуда, бо ифтихор аз дастовардҳои сокинон ёдовар шуд. Таъкид намуд, ки мардум бо меҳнати содиқонаву заҳматкашии худ ба истиқболи Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегиранд. Аз 595 иншооти ҷашнӣ то имрӯз беш аз 89 фоиз ба истифода дода шудааст, ки нишони суръати баланди корҳои ободонист.

 Ҳамчунин, дар ҳамоиш ба як гурӯҳ фаъолон нишону мукофоти давлатӣ тақдим гардид. Бисёр рамзӣ ва хотирмон буд, ки ба оилаи марзбони шаҳид - Хирадманд Усмонзода, ки дар ҳифзи марзи Ватан қурбон гардида буд, калиди хонаи нав супорида шуд.  

Ширкат дар ин ду чорабинии хотирмон собит сохт, ки истиқлол танҳо рамзи озодӣ ва пешрафт не, балки таҷассумгари воқеии ваҳдату ягонагии сокинони кишвар аст. Ҳар ҷое ки будам, ҳамон эҳсоси ягонагӣ, муҳаббат ба Ватан ва миннатдорӣ аз сиёсати давлат эҳсос шуд.

Панҷакенту Айнӣ - ду гӯшаи ободу зебои водии Зарафшон имрӯз бо дастовардҳои созанда ва меҳнати содиқонаи мардумашон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд. 

Маҳз бо ин масъулият мардум дар ободонӣ, ҳифзи сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. 

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: