Сафари Рустами Эмомалӣ ба Қирғизистон
23-юми сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.
Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
23-юми сентябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Бишкек ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Манаси шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Жогорку кенеш (парлумон)-и Ҷумҳурии Қирғизистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони расмӣ самимӣ истиқбол гирифтанд.
23-юми сентябр дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи июли соли 2022 зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории амалии мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи минтақавӣ ва шарикии стратегӣ баргузории Форуми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардида буд.
Форумҳои қаблӣ дар шаҳрҳои Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Хиваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардида, ба таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ ва тавсеаи муколамаи минтақавӣ мусоидат намуданд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки баргузории мунтазами форуми мазкур нишонаи эҳтиром ба арзишҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ифодаи талоши устувори кишварҳои минтақа дар роҳи таҳкими эътимод, муколама ва ҳамкорӣ ба нафъи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.
Бо қаноатмандӣ иброз гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба шарофати саъю талошҳои созанда ва сиёсати пайгиронаву босуботи сарони давлатҳои он имрӯз тадриҷан ба минтақаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд табдил меёбад.
Муҳимтар он аст, ки аз самараи барқарории фазои сифатан нави дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод дар минтақа, пеш аз ҳама, халқҳои ба ҳам дӯсту бародари Осиёи Марказӣ баҳравар мегарданд.
Дар доираи рӯзномаи форум иштирокдорон масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди рақамикунонии иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи ин масъалаҳо дар бахшҳои алоҳидаи форум муҳокимаҳои судманд сурат гирифтанд.
Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи шуро «Декларатсияи Бишкек» қабул карда шуд.
23-юми сентябр дар ҳошияи Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманди байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву башардӯстӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Худи ҳамин рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ва иштирок дар кори Форуми навбатии байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ватан баргаштанд.
www.majmilli.tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:





