https://sadoimardum.tj

Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат»

23 сен 2025, 10:35
0

23-юми сентябр дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе даври  иҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз шуд.

То даври ҷамъбастии озмун аз 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 350 донишҷӯ иштирок намуда, савияи дониши худро месанҷанд.

Ҳадафи озмун гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад.

Бояд гуфт, ки ҷойи аввал ба он иштирокчие дода мешавад, ки беш аз 90%-и осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа ва азхуд кардааст.

Ғолибон ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: ғолибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ.

Барои ҷойҳои якум 20 000 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб), ҷойҳои дуюм 15 000 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб) ва ҷойҳои сеюм (ду ҷой ба ҳар кадом гурӯҳ) 7 500 сомонӣ (ба ҳар як ғолиб) муайян гардидааст.

 Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: