https://sadoimardum.tj

Ифтитоҳи ду пули мошингузар дар Ховалинг

19 сен 2025, 10:54
0

Бо ибтикори соҳибкорон Раҳмиддин Каримов ва Субҳоналӣ Искандарзода дар деҳоти Ғаффор Мирзо ва Шугнови ноҳияи Ховалинг ду пули мошингузар - яке бо дарозии 104 метр ва паҳноии 4 метр, дигаре бо дарозии 40 метр ва паҳноӣ 4 метр, мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар рафти ифтитоҳи онҳо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси ноҳияи Ховалинг Фарухиддин Набизода иштирок намуда, раиси вилоят зимни боздид бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба соҳибкорон барои чунин иқдоми созандаашон иброз дошт, ки иншооти мазкур ба маблағи умумии 7,5 миллион сомонӣ сохта шуда, на танҳо ба рафту омади бехатари сокинон, балки барои рушди деҳот хизмат мерасонанд.  

Инчунин, бо дастгирӣ ва иқдоми созандаи соҳибкорон дар деҳоти Шугнов барои зиёда аз 70 хоҷагӣ хати оби нӯшокӣ кашида шуд, ки мушкилии чандинсолаи сокинони ин русторо ҳал намуд.   

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: