Ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ
26-уми сентябри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 26-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Зикр гардид, ки бунёдгузори Маҷлиси Олӣ ва мактаби парламентаризми Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро маҳз бо ҷаҳду талошҳои ин шахсияти бузурги таърихӣ дар кишвари мо парламентаризми муосир ба фаъолият оғоз намуд.
26-уми феврали соли 1995 интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ даъвати якум бо риояи меъёрҳои демократӣ шаффофу алтернативӣ баргузор гардида, парламенти Тоҷикистони соҳибистиқлол ба фаъолият шурӯъ намуд.
- 26-уми сентябри соли 1999 дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки моҳият ва вазъи ҳуқуқии парламентро мушаххас ва дигаргун намуд. Дар асоси тағйироту иловаҳо Маҷлиси Олӣ иборат аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон 63 нафар ва ҳайати аъзои Маҷлиси миллӣ 33 нафар муқаррар шуд. Тибқи муқаррароти Конститутсия парламенти мустақил ва воқеӣ арзи ҳастӣ намуд. Тоҷикистон аз низоми ягонаи нахустин - шуроҳо чун мақоми пурраҳокимият даст кашид. Конститутсия асосҳои ташкилӣ ва фаъолияти моҳиятан нави Маҷлиси Олиро муқаррар кард, - афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагон Неъматулло Иброҳимзода, Саодатшо Матробиён ва муовини сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шодмон Мансурӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Зимни ҳамоиш раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Маҳмадалӣ Ватанзода ҳозиринро аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиикстон муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки «Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати фаъолияти худ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бо қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳкими сулҳу субот, пойдории асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлатӣ, эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми сазовор дорад. Боварии комил дорем, ки ин шохаи ҳокимияти давлатӣ минбаъд низ асолати бар зиммааш гузошташударо сарбаландона иҷро намуда, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо боз ҳам саҳми бештар мегузорад».
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





