Баррасии ҳамкории парлумонӣ бо Эрон
26-уми сентябри соли 2025 мулоқоти гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён доир гардид.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон - роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ Муҳаммад Шодиён иброз намуд, ки мардумони Тоҷикистон ва Эронро решаҳои амиқи таърихӣ, забон, фарҳанг ва тамаддуни муштарак мепайвандад. Ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Эрон, бахусус, ҳамкориҳои байнипарламентӣ, давоми 34 сол бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳо бомаром густариш ёфтааст.
Зикр шуд, ки идома додани ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, амният, фарҳангиву гуманитарӣ, хусусан, муносибатҳои байнипарлумонии ду кишвар, мувофиқи мақсад буда, ҷонибҳо ҷиҳати густариш додани самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи санадҳои ҳамкории баимзорасидаи байни ду кишвар омодаанд.
www.egov.tj/site/parlament-tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:





