https://sadoimardum.tj

Номаи табрикӣ

№:113 (5009) 29 сен 2025, 13:11
0

27-уми сентябри соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Туркманистон Гулманова Дунягозел Акмухаммедовна номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 «Муҳтарам Дунягозел Акмухаммедовна,

Шуморо бо иди миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Туркманистон самимона табрик мегӯям.

Бо хушнудӣ сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро, ки ба арзишҳои муштараки фарҳангӣ, принсипҳои ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфтааст, таъкид менамоем.

Итминон дорам, ки ҳамкориҳои байнипарламентии мо минбаъд низ бемайлон инкишоф ёфта, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Ба Шумо, муҳтарам Дунягозел Акмухаммедовна, саломатии қавӣ, дар кори пурмасъулатон комёбиҳои минбаъда ва ба мардуми бародари Туркманистон сулҳ, некуаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».


Ҳамчунин дигар маводҳо: