https://sadoimardum.tj

Хатлон. Маросими гусели даъватшавандаҳо баргузор гардид

03 окт 2025, 08:45
0

Сеюми октябри соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи даъватшаванда чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони сохторҳои дахлдор, сафарбаршавандагон ва волидайни онҳо иштирок намуданд. 

Ҷавонон бо руҳияи баланд дар даст шиору овезаҳо ва парчамҳои давлатӣ аз назди комиссарияти ҳарбии вилояти Хатлон то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав роҳпаймоӣ карданд.

Сипас, баъди садо додани Суруди Миллӣ комиссари ҳарбии вилоят генерал-майор Аминҷон Амонуллозода Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни рухсат намудани сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро қироат намуд.

Муовини раиси вилоят Амирхон Қурбонзода иброз намуд, ки ҳамасола маросими гусели ҷавонони далеру қавииродаи вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва бо руҳияи баланди ифтихори ватандорӣ баргузор мегардад. Ин нишонаи олии ватандӯстии ҷавонон, садоқат ба давлату миллат ва ғайрати ҷавонмардонаи фарзандони ҷонфидои Ватан мебошад. 

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: