https://sadoimardum.tj

Суғд. Гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ

03 окт 2025, 08:49
0

Сеюми октябри соли 2025 дар Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели нахустин гурӯҳи даъватшавандагон аз вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода таъкид намуд, ки Артиши миллӣ имрӯз бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, ҷавонони ватандӯст дар он сабақи садоқат ба Ватан, мардонагӣ ва ҳифзи марзу буми кишварро меомӯзанд.

Изҳор гардид, ки корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар давраи байнидаъватӣ самараи хуб дода, дар маҷмӯъ, 3500 ҷавон омодагии худро барои адои хизмат иброз намудаанд. 

Тибқи иттилоъ, ҷамоатҳои Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, Халифа Ҳасан, Хурмӣ, Шинг ва Саразми шаҳри Панҷакент, Адрасмон ва Зарнисори шаҳри Гулистон, Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, Суғдиён ва Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ дар рӯзи аввал нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: