Ҷаласаи комиссияи доимии АБ аъзои ИДМ
Сеюми октябри соли 2025 дар Махачқалъаи Ҷумҳурии Доғистон ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Абдухалил Ғафурзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷаласаи комиссия таҳти раёсати раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба масъалаҳои сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Валентин Семеняко баргузор гардид.
Дар ҷаласа лоиҳаи «Тавсияҳо барои мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба татбиқи ҳамкории байнисарҳадӣ» тасдиқ карда шуд.
Дар ҳуҷҷати мазкур таъкид мегардад, ки ҳамкории фаромарзӣ байни мунитсипалитетҳо формати амалӣ ва ҳаётан муҳими ҳамкориҳо мебошад. Он ба некуаҳволии одамон бевосита таъсир мерасонад, иқтисодиёт ва туризмро тараққӣ медиҳад, масъалаҳои экологиро ҳал мекунад, алоқаҳои маданию гуманитариро мустаҳкам менамояд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи мақоми пойтахтҳо, шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва марказҳои вилоятҳои давлат» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иштирокчиёни ҷаласа, инчунин, натиҷаҳои семинари «Таҷрибаҳои беҳтарин дар кишварҳои иттиҳод»-ро баррасӣ намуданд.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»