https://sadoimardum.tj

Минтақаи Кӯлоб. Иҷрои даъвати тирамоҳӣ дар шаш ноҳия

03 окт 2025, 09:08
0

Якуми октябри соли 2025 дар доираи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 13483 - Б - и ноҳияи Данғара ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Сиҷоуддин Саломзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, инчунин, волидайни даъватшавандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Нахуст бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти ноҳия барои ҷавононе, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил мешаванд, дастархони идона ороста шуд.  

Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзи аввали даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат  ноҳияи Данғара аввалин шуда нақшаи даъвати тирамоҳиро 100 фоиз иҷро намуда, зиёда аз 250 нафар ҷавонони далеру шуҷоъ ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд. 

Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони худогоҳу худшинос ва баору номуси мамлакат ба ҳисоб меравад. 

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур модарони сарбозони даъватшуда ба сухан баромада, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ раҳнамун сохта, ба онҳо дар роҳи хизмат ба Ватан - Модар ва ҳифзи марзу буми кишвар дуои нек доданд.  

Якуми октябри соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

 Раиси ноҳия Зафар Гулзода иброз дошт, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони ватандӯсти кишвар буда, ҷавонони баландкӯҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хизмати Ватанро қарзи фарзандии худ дониста, дар ҳифзи якпорчагии меҳан ҳамеша содиқанд.  

Дар ин рӯз ба ҳар як сарбози даъватшуда сару либос ва пояфзол тақдим карда шуд. Инчунин, ба 20 нафар ҷавони ноҳия, ки курси ронандагиро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ дода шуд.  

Дар баробари дигару шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рӯзи якуми октябри соли равон дар бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг бахшида ба Рӯзи даъватшаванда чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он аз иҷрои пурраи нақша хабар доданд. 

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ховалинг Фаррухиддин Набизода, роҳбарони ташкилоту муассиса, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва пирони рӯзгордида иштирок намуданд. 

Собиқадори меҳнат Нуралии Абдураҳмон суханронӣ намуда, ҷавононро дар роҳи худшиносии миллӣ, дӯст доштани Ватани маҳбуби худ даъват намуд. 

Дар қатори дигар ҷавонони даъватшуда писари раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Шаҳриёр низ баъди хатми донишгоҳ бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ равон гардид. 

Дар идомаи чорабинӣ ба даъватшавандагоне, ки курси кӯтоҳмуддати ронандагиро омӯхтанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ дода шуда, ба як қисмати дигари наваскарон, ки курси кӯтоҳмуддати кафшергариро дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ хатм намуданд, шаҳодатнома дода шуд. 

 Ҳамчунин, дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ аз шаҳру минтақаи Кӯлоб ноҳияҳои Балҷувон, Фархор ва Муъминобод низ аз иҷрои 100 фоизи нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи кишвар хабар доданд. 

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: