Ҷамъоварии беш аз 56000 тонна пахта дар Суғд
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти авлатии вилояти Суғд кишти пахтаро яке аз ҳадафҳои муҳим арзёбӣ намуд. То 3 октябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд 56 ҳазору 282,8 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 46,1 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.
Барои соли 2025 нақшаи истеҳсоли пахта дар вилоят 131 ҳазору 300 тонна муайян шудааст. Айни ҳол, беш аз 55 ҳазор нафар саҳмдорону ҳашарчиён ҳамарӯза дар саҳроҳо заҳмат мекашанд.
Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Абдуазиз Маҳмудзода иброз дошт, ки: «Ҷамъоварии пахта на танҳо як раванди истеҳсолӣ, балки як амалиёти муҳими иқтисодӣ аст. Сари вақт ҷамъ овардани ҳосил корхонаҳои нассоҷиву риштабарориро бо ашёи хоми ватанӣ таъмин мекунад, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад ва содироти пахтаву маҳсулоти нассоҷӣ ба бозорҳои хориҷӣ манбаи муҳими даромад барои буҷет мегардад».
Имсол бо сабаби гарм омадани мавсими тобистон дар аксари шаҳру навоҳии пахтакор ҳосил барвақт ба чидан омода шуда, дар ҳама навоҳии пахтакор ҷамъоварии он босуръат идома дорад.
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





