https://sadoimardum.tj

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд

04 окт 2025, 09:29
0

4-уми октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки соли ҳафтум аст бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмун баргузор мешавад. Имсол маблағи озмун ду баробар зиёд гардида, 116 нафар ғолибони даври ҷамъбастӣ қадрдонӣ карда мешаванд.  4 нафар соҳиби шоҳҷоизаи озмун гардида, ҳар кадомашон 100 ҳазор сомонӣ ба даст оварданд:

Файзигул Раҷабова - номинатсияи санъати тасвирӣ;

Разияллоҳ Убайдзода - номинатсияи навозандагӣ;

Наврӯзи Досӣ - номинатсияи сарояндагӣ;

Обидҷон Масаидов - номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ.

Ба ғолибони ҷойҳои якум 70 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 30 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Тибқи низомнома, озмун имсол аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид. Иштирокчиёни номинатсияи сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ба чунин синну сол ҷудо гардиданд: аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 35-сола. Дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ танҳо нафарони аз 18 то 35-сола иштирок намуданд.

Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум гардиданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шуданд.

Инчунин, омӯзгороне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода намуданд ва дар даври ниҳоӣ соҳиби Шоҳҷоиза гаштанд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

 «Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: