Боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” дар шаҳри Душанбе
15 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастри” ташриф оварда, баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхона 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа нерӯ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки электробусҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда, тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол гардида, 32 ҷойи нишаст дорад ва ғунҷоиши умумӣ дар он 100 мусофирро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад. Кафолати батареяҳо ва дигар қисмҳои барқии электробус 600 ҳазор километр ё 8 сол мебошад.
Гуфта шуд, ки барои ҳар рӯз бо барқ таъмин намудани воситаҳои нақлиёти мазкур дар корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”-и пойтахт нуқтаи барқтаъминкунии замонавӣ бунёд карда шудааст.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто автоматив индастрӣ”, ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 оғоз намуда, воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари замонавии тамғаи “Акиа”-ро банду баст ва истеҳсол карда, барои саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро гузошта истодааст.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 14 феврали соли 2018 бо фаъолияти корхонаи муштараки “Акиа Авесто автоматив индастри”, ки бори аввал дар кишвар банду баст ва истеҳсоли автобусҳои тамғаи “Акиа”-ро ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
19 марти соли 2019 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ширкати муштарак оғози расмӣ бахшида шуд.
То ба имрӯз корхона зиёда аз 500 автобус, электробус ва электротролейбусҳои гуногуншакл ва гуногунҳаҷмро истеҳсол намудааст, ки дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба мусофирон хизматрасонӣ менамоянд. Автобусҳои истеҳсолшудаи муҳаррики дарунсӯз дорои муҳаррик ва матаҳаррики ширкатҳои номии олмонии “Мерседес Бенс” ва “Захнрад Фабрик” мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ кардани иқдоми мазкурро дар пешрафт ва баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи мусофиркашонӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, барои сохтмони бинои хатти истеҳсолӣ оғоз бахшиданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз оғози фаъолият то ба имрӯз дар ширкати муштарак автобусҳои дарозиаш 8 ва 12 метр, автобусҳои дуошёна, инчунин электробус ва электротроллейбусҳои замонавӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ мавриди банду баст ва истеҳсол қарор дода шудааст.
Истеҳсоли силсилавии автобус бо дарозии 8 метр бо номгузории миллии “Акиа-Ориё” ва электробус бо номгузории “Акиа-Нерӯ” бори аввал дар Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Дар баробари истеҳсолот истифодабарии воситаи нақлиёти ҷамъиятии банду баст ва истеҳсолгардидаи тамғаи “Акиа” дар шаҳру ноҳияҳои кишвар тӯли беш аз 7 солро дарбар гирифта, аз сифати баланди воситаи нақлиёти истеҳсолгардида, истифодаи дурусти техникӣ дар корхонаҳои нақлиётӣ, нигоҳдорӣ ва мунтазам гузаронидани муоинаи техникӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии баландсифат ва сӯзишвориву маҳлулҳои муносиб ба автобусҳои стандарти Евро-5 ва Евро-6 бо мақсади истифодабарии дарозмуҳлат дарак медиҳад.
Дар давраи фаъолияти ширкати муштарак шумораи коргарони маҳаллӣ ба беш аз 200 расидааст. Ҳамаи онҳо мутахассисони варзида буда, аз курсҳои бозомӯзӣ ва баландбардории савияи донишу таҷриба гузаштаанд.
Мавриди зикри хос аст, ки бо мақсади ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе, беҳтар намудани вазъи экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаии муҳаррики дарунсӯз, сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Раиси шаҳри Душанбе ширкат бори аввал дар Тоҷикистон истеҳсоли электробусҳоро ба роҳ монда, дар марҳилаи аввал 30 адад электробус истеҳсол намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақша дорад то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.
Роҳбари давлат дастур доданд, ки истеҳсоли электробусҳо зиёд карда шуда, талаботи дигар шаҳрҳои кишвар ба инобат гирифта шавад.
Коргарону мутахассисони корхона ҳамаи дастовардҳои худро ба дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рабт медиҳанд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо маҳсулоти ватании автобус ва электробусҳои ширкати “Акиа Авесто автоматив индастрӣ” на танҳо дар дохили кишвар, балки дар хориҷ муаррифӣ гардида, шуҳрату мақоми хос дорад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки фаъолияти воситаҳои нақлиёти барқӣ, бахусус электробусҳо нисбат ба хароҷоти автобуси дизелӣ бартарӣ дошта, барои хизматрасонии онҳо ба ҳисоби миёна аз 9 то 10 маротиба кам маблағ харҷ шудааст.
Баъди шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми шоистаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини корхона барои дар амал татбиқ сохтани тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръат ва ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистон, баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:




