Қадри мардум дар сафар падид ояд

№25 (3975) 05.03.2019

ываываӮро ман ҳамин гуна унвон додам-ҳарҷогард. Ба маънии нек, на овораю сарсон. Бо ин марди сафардида дар  чойхона — осорхонаи яке аз собиқадорони соҳаи сайёҳии Панҷакент Муҳаммадрасул Шарифбадалов вохӯрдам. Марди болобаланди чеҳракушод дар сари дег ҷунбуҷул дошт.

- Ҳоҷӣ Баҳодур Юлдошев аз Истаравшан, — муаррифӣ кард Муҳаммадрасул.

Гирди дастархонро, ки палави хушлаззати пухтаи меҳмон оро медод, суҳбат аз дидаю шунидаҳояш қӯр гирифт.

Маротибаи сеюм аст, ки ба Панҷакент меояд. Ҳар дафъа боздидро аз деҳаи Панҷрӯд- зодгоҳи устод Рӯдакӣ оғоз мекунад. Саразми 5500 — сола ва Панҷакенти қадим — харобаҳои шаҳри асрҳои 5-7-и милодиро зиёрат мекунад, аз хона — осорхонаи устод Лоиқ, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро дар деҳаи Мазор боздид менамояд.

Қароргоҳаш чойхона – осорхонаи Муҳаммадрасул.

- Дасти холӣ наомадаанд, — ба чойҷӯшу табақи қадимаи мисин ишора мекунад Муҳаммадрасул.

Онҳо қатори нигораҳои зиёди пойгоҳи сайёҳӣ, ки бозгӯкунандаи ҳунару фарҳанги ғании миллатанд, гузошта мешаванд.

- Вақте Комбинати бофандагии шаҳри  он замон Ӯротеппа  аз кор бозмонд, ман — муҳандиси 56- сола бекор мондам. Дигар кор  наҷустам ва ҷиддан ба сафари атрофу акноф пардохтам.Пештар ҳам саёҳат мекардам, вале кам. Аз ин пас сайру саёҳат шуғли доимиам шуд, — ба нақл мепардозад  Баҳодур.

- Дар шаҳри Туркистони Қазоқистон қабри Аҳмади Ясавиро зиёрат кардам. Марқади бузурге, ки 22 метр дарозӣ дорад. Он ҷо деги азими чилгӯшае ҳам ҳаст. Ривоят мекунанд, ки аз оши палаве, ки дар он мепухтаанд, аҳолии як шаҳр сер мешудааст. Зоирон бо нардбон ба гӯшаи дег баромада, ба нияте ба дохили он танга меафканданд.

Солҳои минбаъда ба Бухоро, Самарқанд, Намангон, Андиҷон, Қӯқанд, Хева, Марғилон, Оҳангарон, Фарғона, Тошканд, Ӯш, Ҷалолобод, Бишкек ва дигар шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизис­тон сафар кард. Ҳар ҷо ёдгории таърихӣ, мазоре буд, зиёрат ва дӯстони зиёд пайдо намуд.

- Дар Бухоро мақбараи Исмоили Сомониро зиёрат кардам, ба рӯҳи пурфутӯҳаш фотиҳа хондам. Худованд тухми тоҷиконро парешон кардааст, ҳар ҷо рафтам бо ҳамзабонон вохӯрдам. Баъди 40 сол ҳамсинфам Маҳмуд Ҳалимовро дар Тошканд пайдо кардам, — мегӯяд номбурда.

Чанд соли охир  Баҳодур аз минтақаҳои ҷумҳурӣ боздид мекунад. Дар Кӯлоб мазори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар Восеъ Ҳулбукро зиёрат кард.

-  Дар Данғара ба чойхонаи зебои «Хуррамшаҳр» рафтам, бо хоҳиши мутасаддиаш таҷҳизоти газиашро бори аввал ба кор андохтаму палав  пухтам. Ба меҳмонҳо писанд омад, як ҳафта нигоҳ доштанд, бо барги ток, ҷуворимакка, гӯшти яклухти чӯҷа палав пухтам. Хоҳиш карданд ҳамон ҷо монам. Қабул накардам, як ҷо истода наметавонам, — мегӯяд ӯ.

Аз ӯ мепурсам, ки харҷи сафарҳо аз куҷост?

- Писарҳо ёрӣ мерасонанд. Барои як кас чизи зиёд лозим нест. Дар зарфе гӯшти зирбонида ва чанд фатири хушкро кӯфта, дар халтачае бо худ мегирам. Дар меҳмонхонаҳо намеистам, мардум, хоса дар кӯҳистон, меҳмондӯстанд, дар манзилашон ҷой медиҳанд.

Аз ӯ зиёд мепурсанд, ки аз сафарҳо чӣ суд мебинад.

- Ба ҷуз Бадахшон дигар ҳама минтақаи  Тоҷикистону Ӯзбекистон, як қисми Қирғизистону Қазоқистонро дидам. Ёдгориҳои таърихӣ, мазор­ҳоро зиёрат кардам, бо  ҳазорон нафар суҳбат доштам, ҳар ҷое  рафтам, дӯсте пайдо кардам. Шасту шаш сол дораму шукр аз саломатӣ шикоят надорам. Аз ин зиёд боз чӣ манфиат гирифтан мумкин? — мегӯяд ӯ.

Агар муддате дар  Истаравшан монад, дӯс­тонаш хавотир мешаванд, ки чаро ба саёҳат намебарояд?

Ба андешаи Баҳодур Юлдошев, аксари мардум сайру саёҳатро кори бесамар меҳисобанд, аз сафар кардан истиҳола мекунанд. Бисёр ҳамватанон мақбараи устод Рӯдакиро зиёрат накардаанд, ҳатто намедонанд Ҳулбук дар куҷост?

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Бигузор мардум ба диёри ҳамдигар раванд, ошною дӯст шаванд. Саёҳати  дохилӣ моҳиятан таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст. Шукр ба шарофати кӯшишҳои Пешвои миллат роҳҳои мамлакат ҷавобгӯи талаботанд, — мегӯяд ӯ.

- Соли оянда, албатта, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравам, ин гӯшаи Ватанро надидан айб, ҳамроҳ намешавед? -  мепурсад ҳангоми хайрухуш.

Т. СОЛЕҲЗОДА, рӯзноманигор, шаҳри Панҷакент