Ба марказҳои нави фарҳангӣ ниёз дорем

№29 (3979) 16.03.2019

Калимаҳои худшиносӣ, ватандӯстӣ, бедорӣ, миллатдӯстӣ дар худ маънии зиёдро ғунҷондаанд. Аммо барои дарки онҳо бояд заҳмат кашид, эҳсос ва муҳаббатро дар вуҷуд таҳрик дод. Хусусан, ин эҳсосро мебояд дар дили наврасону ҷавонон бедор намуд.

Тоҷикистони саросар кӯҳсор дорои сарватҳои моддию маънавиест, ки шинохташон ҳам фарз асту ҳам суннат. Олимон, шоирон, ҳакимон, хирадмандонеро ин хоки пок ба камол расонидаасту мерасонад, ки шуҳрати моро оламгир кардаанд. Устод Рӯдакӣ, ҳаким Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Парӣ, Ҳасрат, Мағмуми Дарвозӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абдулҳайи Муҷахарфӣ, Туғрал, Зуфархон Ҷавҳаризода… аз зумраи касоне ҳастанд, ки дар хоки Тоҷикистон ба дунё омадаанд ва номеву осоре боқӣ гузоштаанд.

Агар нек назар андозем, ҳар як ноҳияи кишвар макони илму ирфон аст. Дар ҳар гӯшаи Ватан мардони номдор, мардуми сарбаланду бонангу ор зистаанд. Ҳатто заноне умр ба сар бурдаанд, ки илму дониш, хираду покияшон вирди забони хосу ом аст. Танҳо аз Лолои Кӯлобӣ ёдрас шудан кифоят аст, ки дарк намоем занон чӣ мақому мартабаро дар таърихи илму ирфон соҳиб буданд. Модар, ки нахустин мадрасаи фарзанд аст, таъсири асосиро барои камолоти ӯ мегузорад.

Масъалаи асосӣ он аст, ки насли ҷавон дар бораи таърихи миллат, илму ирфон, фарҳангу адаб то кадом андоза донишу тасаввурот доранд? Барои ҳосил кардани дониш ба онҳо чӣ кумак расонидем?

Эҳсоси ифтихор аз Ватану миллат вақте дар дили наврас устувор мегардад, ки ӯ дар бораи таъриху тамаддун ва бузургони диёр маълумот дошта бошад. Аз илму ҳикмат ва шеъру дониши гузаштагон каме ҳам бошад, баҳравар гардад.

Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, ки дар маркази вилоят­ҳо, шаҳру ноҳияҳо марказҳои фарҳангиву адабиеро таъсис диҳем, ки барои шинохти бузургони миллат иконият фароҳам оранд. Он ҷо акс, осор ва ҳар чизе, ки ба шахсиятҳои барҷастаи миллат рабт дорад, гирдоварӣ намоем. Масалан, бо сох­тани мақбараи Парии Ҳисорӣ дар шаҳри Ҳисор имкон фароҳам меояд, ки он ҷо зиёратгоҳи хосу ом ва диққати насли наврас ҷалб гардад, осори шоир ва дигар олимону шоирони ҳавзаи адабии Ҳисор гирдоварӣ ва маҳфилҳои илмиву адабӣ пайваста баргузор шаванд. Ин ҳамаро метавон дар мақбара ё пояи муҷассамаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар Кангурт амалӣ кард. Дар Дарвоз Мағмуми Дарвозӣ, дар Ванҷ Муллоёри Ванҷӣ, дар Панҷакенту Айнӣ Туғрали Аҳрорӣ, дар Истаравшан Зуфархон Ҷавҳарӣ… метавонанд бо шукӯҳманд гардонидани мақбараҳояшон ва ташкил кардани марказҳое ба исмашон боиси равнақ пайдо кардани илму фарҳанг шаванд. Агар чунин шавад ва ҳар тоҷику тоҷикистоние ҳаваси зиёрат кардани ин бузургонро дар дил парварад, дар тарбияи худшиносиву меҳандӯстии наврасону ҷавонон нақши муассир хоҳанд гузошт.

Шояд гӯянд, ки дар ҳама шаҳру ноҳия шуъбаҳои фарҳанг амал менамоянд. Бале, амал менамоянд, аммо он марказу мақбараҳое, ки дар бораашон сухан дар миён овардем, бамаротиб манфиатовартаранд. Ҳамчунин, сайёҳони хориҷӣ низ барои дидану тамошои марказҳо меоянд ва дар бораи илму ирфон, шеъру адаб тасаввуроти бештар ҳосил менамоянд.

Дар назди мақбараву марказҳо метавон дӯконҳои китобфурӯшии хурдро низ ташкил намуд, то ки алоқамандон тавонанд аз онҳо на танҳо китоб, балки аксҳо, буклетҳоро бо расмҳои манзараҳову ҷойҳои муқаддаси кишвар харидорӣ намоянд.

Боварӣ дорам, ки ин иқдом боиси рушд кардани завқи бадеии зиёраткунандагон, хоса ҷавонон, мегардад, ки хеле муҳим аст.

Барно ХОЛОВА, муаллимаи гимназияи №9 ба номи Низомии Ганҷавии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе