Зан аз дидгоҳи ислом

Беҳтарин мард ҳамонест, ки бо ҳамсар хушрафтор аст

№25 (3975) 05.03.2019

happy-family-silhouette-ҳафта, тибқи одат, аксар рӯзномаю маҷаллаҳои тозанашрро мутолиа карда, то андозае аз набзи ҷомеа огоҳ мешавам. Хотири маро аз ҳама бештар бад будани муносибати  байниҳамдигарии иддае аз ҳамватанон мушавваш месозад. Аз матолиби навиштаи аксар  нашрияҳо чунин бармеояд, ки имрӯз оини ҷавонмардӣ, муруввату одамгарӣ, вафодорию садоқат барин мафҳумҳои олӣ моли таърих шуда истодаанд. Алалхусус, фарҳанги муносибат бо ҳамсар ва келин дар ҷомеа хеле костааст. Чунончӣ, дар ҳафтаномаи «Чархи гардун» (№9, аз 27 феврали соли 2019) дар мақолаи «СПИД- самараи талхи бероҳагист ё…» омадааст: «Шавҳарам маро бо чор духтар дар чорсӯи зиндагӣ танҳою зор гузош­та, думболи зани аз худаш даҳ сол калонро гирифта рафт. Ҷурми ман таваллуд накардани писар буд. Дар ба дари дӯсту бегона гашта, бо самбӯсапазӣ дар иҷорахонаҳо зиста, духтаронамро ба воя расонидам, вале ҳар чорашон фоҳиша шуданд», — бо оби чашм нақл кард ин зани ранҷизиндагидида».

Дар мақола зани дигаре чунин ҳасрат кардааст: «Шавҳарам дар Россия зан гирифту аз тариқи паёмак талоқамро фиристод. Хусуру хушдоманам гӯё маътали ҳамин паёмак буданд, ки зуд ду кӯрпаи куҳнаю ҷевони  шикас­таамро дар мошин бор карда, ману фарзандонамро ба хонаи волидонам оварданд…».

Аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 дар мамлакат 11000 ҳодисаи ҷудошавии оилаҳо ба қайд  гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2017- ум 9,4 фоиз зиёд аст. Мутаассифона, ин рақам чанд сол боз рӯ ба афзоиш дорад. Дар ҷомеае, ки зиёда аз 95 фоизи он худро  мусулмон меҳисобанд, чунин бархӯрд бо зан қобили қабул нест.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксари мардону занони ҷомеа аз фармоишоти ислом дар бораи одоби оиладорӣ ва муносибат бо зан огоҳӣ надоранд.

Чанде пеш маҷмӯаи «Хутбаҳои ислоҳӣ – тарбиятӣ»-и муфтии Покистон шайхулислом Муҳаммадтақии Усмонӣ дастрас гардид, ки онро Муҳаммад Умари Идӣ ба забони форсӣ дар ду ҷилд чоп намудааст. Қисми зиёди ҷилди дуюми китобро «Ҳуқуқи зан» ташкил медиҳад.

Лозим ба ёдоварист, ки муҳимтарин бахши дини мубини ислом ин «ҳуқуқ-ул-ибод» (ҳаққи бандагон) — риояи ҳуқуқи инсон аст. Агар дар «Ҳаққ-ул-олоҳ» (ҳаққи Худованд) аз ҷониби банда камбудие шавад, бо изҳори пушаймонию тавбаву истиғфор  кардан  бахшида мешавад. Аммо агар дар адои «ҳуқуқ-ул-ибод» то вақте ки ҳақ ба ҳақдор нарасад, соҳиби ҳақ розӣ нагардад, бо тавбаю истиғфор бахшида намешавад. Мутаассифона, имрӯз зиёд мушоҳида мекунем, ки бисё­риҳо маҳз дар риояи «ҳаққи бандагон» ба камбудӣ роҳ медиҳанд. Ин тоифа исломро танҳо дар  намозу рӯзаю ҳаҷ маҳдуд карда, камбудӣ дар риояи ҳуқуқи дигаронро гуноҳи вазнин намеҳисобанд. Ҳоҷӣ аст, вале аз забонаш ҳақорат канда нест. Рӯзадор аст, вале аз ғайбату дурӯғ ва фаҳшгӯӣ худдорӣ намекунад. Намозхон аст, вале қасами дурӯғ мехӯраду ба аҳдаш вафо намекунад…

Тавре аз таърих маълум аст, дар нимҷазираи Араб то зуҳури ислом вазъи занон ниҳоят бад буд. Ҳатто бархе аз ҷоҳилони ваҳшитабиат таваллуди духтарро мояи нангу ор дониста, агар таваллуд мешуданд, дар регзор зинда мегӯрониданд. На ҳар кас духтари худро меҳрубонӣ мекард. Занону духтаронро баъди вафоти падар мисли мерос тақсим  менамуданд…

Вақте Ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбарии худро ошкор намуданд, тавонистанд, ки дар ҷомеа муносибат бо зан, модар ва духтарро тағйир диҳанд. Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ ҳукмро аз пеши худ содир намекарданд. Чунончӣ шоире  фармудааст:

Мустафо ҳаргиз намегуфт, то намегуфт Ҷибриил,

Ҷибриил ҳаргиз намегуфт, то намегуфт Кирдугор.

Дар масъалаи чигунагии муносибат бо занон низ Худованд дар ояти 19-уми сураи «Нисо» («Занҳо») таъкид намудааст: «Бо занон бо хушрафторӣ зиндагӣ кунед!». Яъне, Парвардигор хитоб мекунад, ки бо занон рафтори хушоянд дошта бошед, ба онҳо азияту озор нарасонед. Ин иршоду ҳидоят барои мардон новобаста ба синну сол, касбу кор ва дороию нодорӣ нозил шудааст. Паёмбари ислом бо рафтору гуфтор дар зиндагӣ  маънии ин оятро ба пайравон шарҳ додаанд. Чунончӣ, Имом Тирмизӣ, ривоят мекунад, ки Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Беҳтарини шумо касоне ҳастанд, ки бо занони худ рафтори нек доранд. Ва ман аз миёни шумо беҳтарин касе ҳастам, ки бо занони  худ рафтори хубе  дорам».

Посдорӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқи занон ва некрафторӣ бо онҳо он қадар мавриди таваҷҷуҳи ҳазрати Муҳаммад (с) буд, ки дар ҳадиси зиёд дар ин  хусус таъкид намудаанд. Абуҳурайра, ки яке аз саҳобагони дар азёд кардани ҳадисҳо машҳуртарин ба шумор меравад, мегӯяд: Расули Худо (с)  фармуданд: «Ман шуморо насиҳат мекунам, ки бо занон рафтори нек дошта бошед».

«Модари муъминон» (ҳамсари ҳазрати Муҳаммад (с) ва духтари Абубакри Сиддиқ) -Бибӣ Оишаи Сиддиқа аз одобию оиладории ҳазрати Муҳаммад (с) ёдовар шуда мегӯянд: «Дар тамоми умр на танҳо дасташонро барои задан бар касе баланд  накарданд, балки ҳар гоҳ вориди хона мешуданд, табассуме бар чеҳраи  муборакашон намоён (ҳувайдо) буд». Суннати Паёмбар (с) ҳамин аст, ки бар сари занон даст боло карда нашавад, яъне латукӯб нашаванд. Муҳаммадтақии Усмонӣ аз муаллимаш Мавлавӣ Абдулҳай ёдовар шуда мегӯяд, ки «устод бо мақсади таълим ба мо мегуфтанд: «Панҷоҳу панҷ сол аз издивоҷи банда мегузарад. Алҳамдулиллоҳ, дар ин муддат ягон бор бо ҳамсарам «лабу лаҳҷа» (ҷанҷол) накардаам. Ман худро ходим (хидматгор) медонам. Худованд маро барои хидмат кардан фиристодааст. Масъулияти хид­мат ба тамоми  касоне, ки  бо ман робита доранд, бар уҳдаи ман мебошад. Ман ходими ҳамсар, фарзандон, муридон ва ашхосе, ки бо ман робита доранд, мебошам. Зеро мақоми ходимият барои банда, мақоми олию хубест.

Ана инро пайравӣ аз суннати Расули Акрами (с) мегӯянд. Баъзеҳо суннат гуфта, танҳо риш  гузоштанро  мефаҳманд. Ҳол он ки пайравӣ аз суннат бояд дар тамоми ҷанбаи зиндагӣ ахлоқ, муомилот ва муошират ҷилвагар бошад.

Охирин ва тӯлонитарин ҳадиси Ҳазрати Муҳаммад (с) дар «Ҳаҷҷат-ул-видоъ» баён шудааст. Он аз лиҳози истимоъкунандагон низ сершумортарин ба ҳисоб меравад. Паёмбари Акрам (с) эҳсос карданд, ки дигар  барояшон ин гуна фурсат фароҳам нахоҳад шуд, ки дар ҳузури чунин теъдоди сершумор суханронӣ кунанд. Дар ин хутбаи таърихӣ ба чӣ гуна  муносибат кардан, бо занон дахл намуда, чунин таъкид карданд: «Хуб гӯш диҳед! Ман шуморо насиҳат мекунам, ки бо занон некӣ кунед. Ин насиҳатро аз ман бипазиред. Зеро занон дар хонаҳои шумо  пойбанд ҳастанд. Шумо аз ин зиёда аз онҳо чизе талаб карда наметавонед».

Мутаассифона, имрӯз хеле  кам касон аз ин ҳадис бохабар будаву тибқи он кор мекунанд. Аксар хонаводаҳо зан ва келинро ҳамчун хидматгор қабул мекунанд. Дини мубини ислом ин гуна ақидаву тасаввурот доштанро маҳкум мекунад.

Аз нигоҳи дини мубини ислом, пухтупаз дар хонаи шавҳар  вазифаи шаръии зан намебошад. Зане, ки дар хонаи падару модар ғизо мепухт, «қазоан» пухтупаз бар уҳдаи ӯ нест,  аммо «диёнатан» пухтан  воҷиб аст. Яъне, бо зӯрию маҷбур кардан аз ӯ пухтупазро талаб кардан ҷоиз нест. Аммо вазифаи ахлоқии зан аст, ки ғизояшро худаш пазад. Дар ин сурат вазифаи шавҳар аст, ки васоил ва лавозимоти пухтупазро таҳия карда, дар ихтиёри ҳамсар қарор диҳад. Ошпазӣ барои шавҳар ва фарзандон дар ин сурат низ аз вазифаҳои зан намебошад. Вақте ғизо пухтан барои шавҳару фарзандон бар зан воҷиб нест, барои волидайн, хоҳарон ва бародарони шавҳар ба тариқи авло воҷиб нахоҳад буд. Агар падару  модари шавҳар эҳтиёҷ ба хизмат дошта бошанд, ба фарзанд воҷиб аст, ки ба онҳо хидмат кунад. Ҳамсаре, ки бо хушдилию ризоят ва довталабона (бо ихтиёри худ) хизмати хусуру хушдоманро карда, онро боиси аҷру савоб бидонад, албатта, саодатманд аст. Лекин писар ин ҳақро надорад, ки ҳамсарашро ба хидмати волидайнаш маҷбур кунад. Барои волидайни шавҳар ҳам ҷоиз нест, ки арӯс (келин) — и худ­ро ба хидмат кардан маҷбур намоянд. Аммо агар арӯс бо ризояти хотир ва хости   дил ҳар қадар ба волидайни шавҳар хидмат кунад, Худо хоҳад, аҷру савоби зиёд хоҳад гирифт. Ба хотири нигоҳ дош­тани муҳити ороми хонавода ва пур кардани фазои хона аз меҳру  муҳаббат арӯс мебояд чунин кунад. Аз тарафи дигар шавҳар ва падару модар бояд  донанд, ки хидматгузор будани арӯс аз хубии ахлоқ ва тарбияи неки ӯст. Вагарна ин хидмат ба ӯ на фарз аст, на воҷиб. Бинобар ин, шавҳару волидайн хизматҳои арӯсро бояд қадрдонӣ намоянд. Аз сабаби надонистани нуктаҳои зикршуда, имрӯзҳо даъвоҳои бепоя ба миён омада, хархашаи модару хоҳарони шавҳар бо арӯс боиси  фурӯпошии оилаҳо мегардад.

Агар дар хона падару  модар заиф ва муҳтоҷи хидмат бошанд, пас хидмат ба волидайн пеш аз ҳама, вазифаи шаръии писар аст. Писар ихтиёр дорад, ки худаш ба онҳо хидмат кунад ё барои нигоҳубин ходим бигирад. Лекин агар зан ихтиёрӣ ба хусуру хушдоман нигоҳбонию хидмат кунад, шавҳар бояд донад, ки ин аз  хушахлоқию  нексиратии  ҳамсар аст, на вазифаи шаръии ӯ.

Хушрафторӣ ва ҳусни ахлоқ ин аст, ки бояд ҳамсарон ба ризояти хотир ва хушҳолии ҳамдигар таваҷҷуҳ дошта бошанд. Ҳазрати Алӣ (домод ва амакбачаи ҳазрати Муҳаммад (с), халифаи чорум) ва Фотима (духтари паёмбар) низ корҳоро байни худ тақсим карда буданд. Корҳои беруни хонаро Ҳазрати Алӣ (р) ва корҳои даруни хонаро Фотимаи Заҳро анҷом медоданд. Яъне, аз нигоҳи ислом бояд зану шавҳар бо якдигар бо хушахлоқию меҳрубонӣ муносибат карда, дӯш ба дӯш, бо кумаки якдигар зиндагиро пеш бибаранд.

Муовия ибни Ҳайда (р) аз ҳазрати Муҳаммад (с) пурсид:

-Ё Расулуллоҳ (с), занон бар мо чӣ ҳаққе доранд?

Расули Худо (с) фармуданд: -Вақте худ мехӯред, онҳоро ҳам бихӯронед. Вақте худ (либос) мепӯшед, онҳоро ҳам бипӯшонед. Бар чеҳраашон мазанед, ҳарфҳои носазо ба онҳо магӯед, онҳоро тарк мекунед, магар дар хона.

Табиатан ҳар як мард ба зан ниёз дорад. Зимни интихоби ҳамсар Ҳазрати Муҳаммад (с) тавсия додаанд, ки зани мутадайин (бодиёнат, ботарбия, хушахлоқ)-ро интихоб бояд кард. Баъзеҳо занро ба хотири ҳуснаш, иддае ба хотири мансаб ё сарвати падараш мегиранд. Ҳусну мансаб ё пулу мол  мумкин аст бо ягон сабаб аз байн раванд. Он гоҳ пояи оила ноустувор мешавад. Аммо агар ахлоқи зан ҳамида бошад, шавҳараш аз зиндагӣ бо ӯ баракат меёбад. Шоире фармудааст:

Дилором бошад зани  некхоҳ,

Вале аз зани бад, Худоё паноҳ!

Ҳазрати Муҳаммад (с) низ ба Худованд аз зани  бад паноҳ хостаанд: «Худоё, ман аз он зане, ки пеш аз пирӣ маро пир гардонад ва аз фарзандоне, ки вуболи ҷонам шаванд, ба ту паноҳ меҷӯям». Сабаби чунин дуо кардани Паёмбар ин аст, ки агар Худо накарда, зан хушахлоқ ва солеҳа  набошад, боиси азоби шавҳар мешавад.

Агар марду зан робитаи хуб, устувор ва гарм дошта, ҳар кадом ҳуқуқи якдигарро риоя намоянд, низоми хонавода дуруст хоҳад шуд. Аз дурустии фазои хонавода фарзандон тарбияи дуруст хоҳанд гирифт. Аз ин рӯ, барои тарбияи неки насли наврас бояд аввал падару модарон рафтори намунавӣ дошта бошанд.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, «Садои мардум»