2015 - соли оила

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир

№171 (3472) 14.12.2015

Дар ноҳияи Ҳисор бахшида ба «Соли оила» бо иштироки ҷавонон ва занони собиқадор таҳти унвони «Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода Махфират Умар, раиси ноҳияи мазкур Раҳмонзода Усмон Сабз, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кенҷамо Нуралиева, узви Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоира Меҳринисо, собиқадорони меҳнат Гулҷаҳон Бобосодиқова, Ҳусноро Мирзоева ва дигарон иштирок намуданд. Иштирокдорон доир ба пос доштани арзишҳои миллӣ, ғамхориҳои пайваставу бемайлони Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон, занон ва оилаву оиладорӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», шомилшавии баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, террористӣ, экстремистӣ, рӯ овардан ба фарҳанги бегона, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ суханронӣ намуданд.

Раиси ноҳияи мазкур Раҳмонзода Усмон Сабз  иброз намуд, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия гурӯҳҳои таблиғотӣ тибқи усули «Хона ба хона» ташкил гардида, натиҷаи хуб дода истодааст. Ҳоло дар ноҳияи Ҳисор пошхӯрии оилаҳои ҷавон 26 фоиз кам шудааст.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»