Чаманпардози ваҳдатсаро

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

КИТОБЧанде пеш ба пешвози ҷашни 160-солагии Зуфархон Ҷавҳарӣ, набераи шоир  Субҳӣ Ҷавҳаризода китоби «Решапайванд»-ро таҳия кардааст, ки зиндагиномаи шоирро дар бар гирифта, назару андешаҳои устод Садриддин Айнӣ, Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам, Ҳашмати Бухороӣ, Тамҳиди Самарқандӣ, Боқии Ришдонӣ, Абдуллохоҷаи Таҳсини Бухороӣ, Мавлоно Юлдоши Хӯқандӣ, Фикрии Самарқандӣ дар борааш оварда шудааст.

Дар китоб омадааст: «Шахсияти ибратбахшу нотакрори Зуфархон Ҷавҳарӣ обрӯи ӯро дар Бухорою Самарқанд, Хуҷанду Истаравшан, Хӯқанду Андиҷон, Эрону Афғонистон, Туркия ва дигар ҷойҳои адабпарвари Осиёи Миёна баланд бардоштааст».

Дар китоб мактуботи Зуфархон Ҷавҳарӣ ба бузургони замонаш Мавлавӣ Юлдоши Хӯқандӣ, Мирҳусайн Ҳусайни Хаттоти Истаравшанӣ, Асирии Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров… дарҷ гашта, ки аҳамияти баланди илмӣ доранд.

Дар маҷмӯа, ҳамчунин ашъори шоирони муосир Аъзам Сидқӣ, Саидалӣ Маъмур, Наимҷон Назирӣ, Раънои Зоирдухт, Раънои Сафарзода, ки ба Зуфархон Ҷавҳарӣ бахшидаанд ё ба ашъори ӯ мухаммас бастаанд, оварда шудааст. Ба ҷуз ин, нақлу ривоятҳо аз ҳаёти ин орифу маориф­парвари намоён китобро зеб медиҳад, ки дар бораи онҳо ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Кароматулло Олимов менависад: «Ривоятҳои иғроқомезе, ки хислати афсонавӣ ва баъзан хурофотӣ доранд ва дар навиштаи Субҳӣ оварда шудаанд, дар байни мардум, хосатан дар деҳаҳои қисми кӯҳистонии Истаравшан ва Ғончӣ маъруф ҳастанд, ки худи Ҷавҳарӣ ҳамчун олим ва шоир онро намеписандидааст. Вале ин ривоятҳо, ки дар таърихи адабиёти мо дар бораи бисёр мутафаккирон низ ҷой доранд, эҳтирому муҳаббати мардумро нисбат ба бузургони илму адаб ва дар мавриди ҳозир ба шахсияти Ҷавҳарӣ нишон медиҳад».

Дар китоб намунаҳо аз ашъори Зуфархон Ҷавҳарӣ ва набераи шоир Лутфӣ Ҷавҳаризода оварда шудааст.

Ҳамон тавре ки зикр кардем, Ҷавҳарӣ аз симоҳои барҷастаи адабиёт аст. Бо вуҷуди ин, шахсияти ӯ барои муосирон то ҷое норавшан ва таблиғнашуда боқӣ мемонад. Бинобар ин, нашри китоби «Решапайванд»-и Лутфӣ Ҷавҳаризода туҳфаи арзандаест барои мухлисону дӯстдорони адаби тоҷик.

 ВОРИС,  «Садои мардум»