Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ доир шуд

№113 (4063) 21.09.2019

ываыв18 сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ҷаласаи XXХIV Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил багузор гардид, ки дар он намояндагони нуҳ давлати аъзои ИДМ -Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Беларус, Арманистон, Туркманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Федератсияи Россия ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар он мавзӯъҳои «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг», «Лоиҳаи чорабиниҳои асосии ҳамкориҳои фарҳангӣ дар ИДМ дар солҳои 2021-2025», «Натиҷаҳои Соли фарҳанг дар ИДМ», «Иштироки кишварҳои ИДМ дар баргузории чорабиниҳои Соли китоб дар ИДМ», «Ҳамкориҳо дар соҳаи театр, санъат, тарбияи кадрҳо» ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шаҳри Душанбе соли 2021 пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) интихоб гардидааст. Мақоми мазкур ба ин ё он шаҳр бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дода мешавад. Чунин мақом ба пойтахти Тоҷикистон тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2018 дода шудааст.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шоми 18 сентябр иштирокчиёни ҷаласа дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Иоланта»-ро тамошо карданд. ҳамчунин, онҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, «Кохи Наврӯз», «Боғи Ирам», «Қалъаи Ҳисор» ва боғҳои ангури шаҳри Турсунзода дидан намуданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»