Гаҳ осмон, гаҳ остон

№34 (4617) 07.03.2023

Zulfiya-Atoi-shoira-1-1 (1) Ҷони туям, ҷони туям, зулфи парешони туям,

Наънову райҳони туям, оҳуи ҳайрони туям.

 

Гаҳ Шаҳрзоди қиссагӯ, гаҳ хонарӯбу дегшӯ,

Гаҳ хоки раҳ, гаҳ гарди каҳ, гаҳ ганҷи пинҳони туям.

 

Гар пурҷафо, пургуфтугӯ, абри сиёҳе – чини рӯ,

Гар розҷӯю розгӯ – дунёи армони туям.

 

Гоҳе хирадпеша манам, фарди баандеша манам,

Гоҳе вале девонатабъ, ошуфтасомони туям.

 

Гоҳе шаҳи афсонаам, гоҳе канизи хонаам,

Гоҳе баҳори гулфишон, гоҳе зимистони туям.

 

Гаҳ суфтаю нарму ҳалим, гоҳе дурушти бераҳим,

Гаҳ бебаҳо мушки хутан, гаҳ атри арзони туям.

 

Бо ин ҳама саҳву хато, гаҳ бо садо, гаҳ бесадо,

Як шоири гапнодаро, ёри ғазалхони туям.

Зулфия АТОӢ,

Шоири халқии Тоҷикистон