Гиромидошти хотираи «Марди табиатан шоир»

№29 (3979) 16.03.2019

Чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон маҳфили ёдбуди «Марди табиатан шоир» – Раҷабалӣ Назаров, ки бо тахаллуси Раҷабалии Роғӣ шеър эҷод мекард, баргузор гардид. Он бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ва пайвандони марҳум баргузор шуд.

Раҷабалӣ Роғӣ соли 1937 дар собиқ ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ба дунё омада, солҳо ҳамчун рӯзноманигор ва мутарҷим фаъолият намуд, вале рӯҳу ҷони ӯ ба қавли Гулназар Келдӣ, ба шеъру эҷод пайваста буд.

- «Пайваста ашъори Раҷабалиро мехондам, хеле хушоянд буданд. Мирзо Турсунзода борҳо ба мо — ҷавонон, ин хосияти шеъри ӯро таъкид мекарданд», — гуфт Гулназар.

Маҳфилро устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Аламхон Кӯчаров ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки шеъру таронаҳои Раҷабалӣ Назаровро аз солҳои 60-уми асри гузашта мехонад. Шеъри нахустинаш «Куртасурхак» мебошад, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуда, ҳоло дар «Фонди тиллоӣ»-и Радиои Тоҷикистон маҳфуз аст. Дар синни мактабӣ ба шеъргӯйӣ оғоз намуда, чакидаҳои хомааш дар рӯзномаҳои даврӣ ба табъ расидаанд.

Соли 1959 чун вакили ҷавонтарин дар Анҷумани чоруми нависандагони ҷумҳурӣ ширкат варзидааст, аммо  пайомадҳои зиндагӣ имкон надодаанд, то шодравон маҷмӯаи аввалинашро ба табъ расонад.

Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат Раҷабалӣ Назаровро «Марди табиатан шоир» номида, дар сарсухани нахустмаҷмӯаи шоир «Тоҷики сарзинда» (соли 2018) навиштааст: «Аз оғози хуби ӯ умеди хурӯшонӣ ва бекаронии ӯро доштам. Вале маризӣ, деҳнишинӣ ва пешомадҳои дигар фасли тӯфониашро орому ром кард».

Дар маҳфил пайвандони шодравон аз хислатҳои инсондӯс­тонаю ватандӯстонаи падари бузургвор сухан карда, дар охир сарояндагони шинохтаи кишвар аз ашъори Раҷабалӣ Назаров суруд хонданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»