Хубиву бадии волидон ба ахлоқу табиати фарзанд метавонад таъсиргузор бошад

№148 (4098) 10.12.2019

4b10d65aa16093482d9b60fa79dc652fОила асоси ҷомеаи инсонӣ аст, ки ҳама рушду пешрафт ба солимии он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, барои мардуми тамаддунофари  тоҷик он ниҳоди муқаддас эъти­роф гардидааст, зеро рӯҳи инсон, фарҳангу ҷаҳонбинии ӯ, пеш аз ҳама, дар оила тарбият меёбад. Маҳз дар оила ва аз рӯзгору таҷрибаи пайвандон инсон бо мафҳумҳои некиву бадӣ ва арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимият ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ошно гардида, ҳамчун шахсият ба воя мерасад. Оила чун кӯраест, ки инсон мисли пӯлод дар он обутоб меёбад. Аз ин рӯ, басо муҳим аст, ки оила солиму пойдор ва дар он арзишҳои инсонӣ гиромӣ дошта шуда, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ва дастгирии ҳамдигар  ҳукмрон бошад.

Қобили тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пойдории оила, солимии он ва тарбияи насли наврас таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.  Зеро агар дар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода шуда, онҳо солиму солеҳ, дар рӯҳияи ҳувият ва худшиносии миллӣ, меҳнатдӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми куҳансолон, риояи қонунҳо ва арҷ гузоштан ба фарҳанги ниёгон ба воя расанд, на танҳо боғи падару модар мегарданд, балки дар рушду нумӯи ҷомеа низ саҳмгузор хоҳанд буд.

Гузаштагони бузурги миллат  ба ин масъала аз қадимулайём таваҷҷуҳи ҷиддӣ доштанд. Нобиғаҳои адабиёти классики тоҷик Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила асари зиёд таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақому манзалати падару модар, эҳтироми онҳо, интихоби ҳамсар, вазифаи ҳамсарон нисбат ба ҳамдигар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳати бисёр арзишманд мавҷуданд.

Аслан, солимии оила ба тарбияи фарзанд низ алоқаманд аст. Воқеоти нангини солҳои охири асри гузашта шояд боис гардиданд, ки ба тарбияи насли наврас дар он давра таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир нагардид. Яке аз сабабҳои парокандашавии оилаҳои ҷавон солҳои охир низ дар ҳамин аст. Баъзе аз ҷавонон ба қадри оила намерасанд, онро муқаддас намедонанд. Зеро дар рӯҳияи муқаддас доштани оила тарбият наёфтаанд, дар назди оила ва тарбияи фарзанд масъулият эҳсос намекунанд. Шоир фармуда:

Фарзанд ҳамон кунад ба ҳар ҳол,

К-аз модари хешу аз падар дид.

Ҳар хубиву бадие, ки падару модар доранд ё дар муносибати онҳо зоҳир мегардад, метавонад ба ахлоқу табиати фарзанд таъсир расонад. Аз ин рӯ, қабул шудани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  умедвор месозад, ки ин масъала ҳалли пурра пайдо менамояд. Чунки низоъ ва муноқишаҳои оилавӣ низ бо сабаби масъулиятро дар тарбияи фарзанд надонистани волидон сар мезанад ва бешубҳа, ояндаи насли ҷавонро низ зери хатар мегузорад. Бинобар ин дар оилаи носолим тарбияи насли солим душвор аст.

Хабар дорам, ки чанд сол қабл дар ноҳияи Фархор озмуни оилаҳои намунавӣ доир шуда, дар бораи ғолибони он дар маҷаллаи бонувон мақола дарҷ гардид. Хуб мешуд, агар ин иқдом дар ҳама шаҳру ноҳияи мамлакат дастгирӣ меёфт ва ғолибон тавассути рӯзномаю маҷалла ва радиову телевизион ба мардум муаррифӣ мегардиданд. Бар замми ин, барои мустаҳкамиву солимӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ бо чунин оилаҳо вохӯриҳо доир намуда, дарсҳои маърифати оиладориро ҷорӣ ё зиёд намудан аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зиёд гардидани оилаҳои пойдору намунавӣ ва пешқадам боис ба ибрати дигарон гашта, метавонад дар рушди ҷомеаи мутамаддин ва солиму пешрафта саҳм гузорад.

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ибтидои асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол номидааст. Аз ин рӯ, мактаби нахустин ва муҳимтарини таълиму тарбия, омили муҳими пойдории миллат, рушду нумӯи давлат ва хушбахтии инсон,  муҳимтарин ва комилтарин ҷузъи ҷомеа – оила бояд солим ва ҳар фарди ҷомеа бояд дар ин кор саҳмгузор гардад.

Парвина ҚУРБОНОВА, муаллимаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 60-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе